Баъди рад 14 рӯз доред. Дер накунед!
Худатон метавонед — ройгон ва онлайн
Шикоят тавассути сайти суд (HMCTS) дода мешавад. Адвокат ҳатмӣ нест — аммо бо адвокат имконият баландтар аст. Тақрибан 50% одамон шикоятро мебаранд.
📋 Чӣ омода кардан лозим
1. Мактуби рад аз Home Office (дар он reference number ҳаст)
2. Номи шумо, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ
3. Суроғае ки ҳоло зиндагӣ мекунед
4. Email ё телефон барои алоқа
Қадам ба қадам
1
Ба сайти суд равед
Линки поёнро кушоед ва «Create an account» пахш кунед агар аккаунт надоред, ё «Sign in» агар доред.
Сайти судро кушодан →
2
Аккаунт созед
Email ва пароли нав ворид кунед. Ба email рамзи тасдиқ меояд — онро ворид кунед.
3
Ба саволҳо ҷавоб диҳед
Система мепурсад: Дар UK ҳастед? Дар detention ҳастед? Кадом қарорро шикоят мекунед? Ростгӯёна ҷавоб диҳед.
4
Рақами мактуби радро ворид кунед
Home Office reference number ва санаи мактуб. Ҳама дар мактубе ки ба шумо фиристоданд ҳаст.
5
Маълумоти шахсиро пур кунед
Ном, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, суроға, телефон ё email.
6
Тафтиш кунед ва фиристед
Ҳама маълумотро тафтиш кунед. Қуттичаро қайд кунед. «Submit» пахш кунед. Тамом — шикоят дода шуд!
Баъд чӣ мешавад
1. Ба email тасдиқ меояд ки шикоят қабул шуд
2. Ба шумо вақт медиҳанд барои омода кардани далелҳо ва ҳуҷҷатҳо
3. Санаи баррасӣ таъин мешавад
4. Дар баррасӣ судя қарор мегирад
⏰ Мӯҳлатҳои воқеӣ — натарсед
Чӣ менависанд: дар мактуби трибунал мегӯянд ки дар давоми 14 рӯз бо шумо тамос мегиранд.

Дар ҳақиқат чӣ мешавад: трибунал ҳоло хеле серкор аст. Интизории воқеӣ аз додан то баррасӣ — 6 моҳ ва зиёдтар. Ин муқаррарист, ин маънои он нест ки чизе хато шуд.

Дар вақти интизорӣ чӣ бояд кард:
✓ Хона ва пул (Section 95) — то вақти шикоят нигоҳ дошта мешавад
✓ Далелҳо барои суд ҷамъ кунед
✓ Агар адвокат надоред — ёбед, ӯ барои омода кардани далелҳо кӯмак мекунад
✓ Агар чизе тағйир ёфт (далелҳои нав, тағйирот дар кишвар) — ба адвокат гӯед
⚠️ Аз мӯҳлат гузаштед? Агар аз 14 рӯз зиёд гузашт — бо ҳама ҳол диҳед! Система мепурсад чаро дер кардед. Сабабро нависед (бемор будед, адвокат надоштед, мактубро сари вақт нагирифтед). Суд қарор мегирад ки қабул кунад ё не.
Кӯмак лозим?
Худатон дода метавонед, аммо бо адвокат имконият баландтар аст. Адвокат тавассути Legal Aid ройгон аст.
Адвокати ройгон ёфтан Феҳрист → Дастгирии техникии суд (HMCTS) 0300 123 1711 Emailи суд [email protected]
Шикоятро онлайн додан →
Навсозии охирин: март 2026
Сарчашмаҳо: GOV.UK, HMCTS, Right to Remain
⚠️ Тамоми маълумоти ин сайт характери умумии иттилоотй дорад ва маслихати хукуки нест.